САНАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ МУАЙЯН ГАРДИД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумотҳои фаврӣ ба маблағи 20622,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2008-ум 103,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуқта дар ҷараёни нишасти матбуотии роҳбарияти Кумитаи давлатии омори ҶТ, 21 январ қайд карда шуд. Гуфта шуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи 6262 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба соли 2008 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 93,7 фоизро ташкил дод. Дар моҳи декабри соли 2009 бошад, маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 685,9 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин шумора аз сатҳи моҳи декабри соли 2008-ум 3,5 фоиз зиёд аст. Роҳбарияти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ ба саволҳои хабарнигорон оид ба ташкил ва гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ посухҳои мушаххас дода, зикр намуданд, ки дар давоми соли 2009 диққати асосӣ ба иҷрои корҳои давраи тайёрӣ ба ин маъракаи муҳим дода шуд. Мутобиқи нақша аз 21 сентябр то 30 сентябри соли ҷорӣ маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






