ШУРӮЪИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ АҲЗОБИ СИЁСӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Январь 29, 2010 16:37

 Душанбе, 29 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз 30 январ дар Комиссияҳои  ҳавзавии якмандатии интихобот  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии номзадҳои ҳизбҳои сиёсии кишвар бо интихобкунандагон  дар шаҳру вилоят  ва ноҳияҳои кишвар оғоз меёбад. Дар ин хусус 28 январ Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев ҷадвали вохӯриҳоро тасдиқ кард. Тибқи ҷадвали махсусгардонидашуда, то 24 феврал ҳизбҳои сиёсӣ барномаҳои пешазинтихоботии худро ба интихобкунандагон муаррифӣ месозанд. Аз ҷумла, чунин вохӯриҳо рӯзҳои 30 ва 31 январ дар Комиссияҳои  ҳавзавии якмандатии  интихоботии Турсунзода №5 ва Ҳисор №7 баргузор мегардад. Инчунин, то 24 феврал дар Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3, Сомонӣ №8, Рӯдакӣ № 9, Файзобод № 11, Хӯҷанд №13, Б. Ғафуров № 14, Исфара №20, Истаравшан № 23, Қӯрғонтеппа № 26,  А.Ҷомӣ №28,  Қумсангир №33,  Кӯлоб №37,  Ванҷ №40 ва Хоруғ №41 вохӯрии номзадҳои азҳоби сиёсии кишвар  бо интихобкунандагон ташкил карда мешавад.       

Январь 29, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад