СОКИНОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ЧӢ ҚАДАР САҲМИЯ ХАРИДАНД?
Шаҳраки Сомониён, 18 январ. (АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев). -Кулли корхонаҳои ноҳияи Рӯдакӣ соли 2009-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карданд, иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид. Аз ҷумла маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 220 милиону 99 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2008 4 ҳазору 324 сомонӣ зиёд аст. То 1 январи соли 2010 дар ҳудуди ноҳия дар масоҳати 8 588гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда, 12762 гектар замин шудгор карда шудааст. Деҳқонон ва хоҷагиҳои алоҳида дар майдони 125 гектар боғ, 30 гектар токзор бунёд карда 11 гектар боғ ва 9 гектар токзорро барқарор намуда, нақшаи бунёди боғ 3 баробар , токзор 6 баробар зиёд иҷро гардид. Дар соли сипаригардида корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликияташон ба маблағи 48 миллиону 373 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 мл 915 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо сокинони баландҳиммати ноҳияи Рӯдакӣ чун тамоми мардуми кишвар бо ҳисси баланди ватандустӣ бо маблағи зиёда аз 7мл 600 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО Роғунро харидорӣ намуда, ҳиссаи арзандаи худро дар ин иншооти бузурги аср мегузоранд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ мудири шӯъбаи таҳлилӣ- иттилоотии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Сиддиқов иштирок ва баромад намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






