ТАҲИЯИ НАҚШАИ МУҲОФИЗАТИ КОБУЛ АЗ ТЕРРОРИСТОН

Январь 20, 2010 11:58

                Кобул, 20 январ. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). – Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дирӯз дар ҷараёни маҷлиси ҳукумат ба роҳбарони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва раёсати умумии амнияти миллӣ супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин нақшаи доманадори муҳофизати корхонаю муассисаҳо ва иншоотҳои муҳимтарини пойтахти мамлакатро аз ҳамлаҳои эҳтимолии террористон тартиб дода, барои муҳокима ба маъмурияти президент пешниҳод намоянд.                 Зарурати таҳияи нақшаи мазкур баъди ҳуҷуми гурӯҳи силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» дар маркази Кобул ба се бинои вазорат, ду маркази калони савдо ва як меҳмонхона ба миён омад.                   Дар натиҷаи амалиёти мазкур 15 нафар ҳалок ва бештар аз 70 нафар маҷрӯҳ гардид. Қисмати бештари маҷрӯҳшудагон сокинони маҳаллӣ мебошанд.                   Ҳ.Карзай ба котиботи Шӯрои вазирон супориш дод, ки дар бораи расондани кӯмаки молиявӣ ба оилаҳои шахсони ҳалоку маҷрӯҳгардида ва пардохти ҷуброни зарари ба мағозаю дӯконҳо расонидашуда таклифҳо пешниҳод намоянд.                   Хабар дода мешавад, ки айни ҳол дар маркази шаҳри Кобул хомӯшӣ ҳукмфармост. Роҳҳои даромаду баромади онро дастаҳои сершумори политсия ва низомиён посбонӣ мекунанд. Онҳо ҳамаи мошинҳои ба шаҳр воридшавандаро ҳамаҷониба тафтиш менамоянд. 

Январь 20, 2010 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад