«ҚАЙРОҚУМ»-РО КӢ ТАҶДИД МЕКУНАД?

Февраль 4, 2010 16:28

Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҳудуди вилояти Суғд аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба маблағи беш аз 30 млн. доллари ИМА лоиҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд. Ин нуқта зимни  мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо роҳбари намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон Улф Стром, 4 феврал зикр гардид. Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки айни ҳол ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва амсоли инҳо хуб ба роҳ монда шуда, баҳри тавсеа бахшидани равобити иқтисодию фарҳангӣ бо намояндагии ин бонки бонуфуз вилояти Суғд ҳамеша омода аст ва пешниҳод карда мешавад, ки барои таҳким бахшидани фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ лоиҳаҳои махсус амалӣ карда шаванд. Улф Стром иттилоъ дод, ки алҳол аз ҷониби намояндагии ин бонк якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии 6 ноҳияи вилоят, таҷдиди НБО «Қайроққум» ва иваз намудани таҷҳизоти энергетикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати паст намудани талафоти нерӯи барқ, омода гаштаанд, ки бо муваффақият амалӣ карда хоҳанд шуд.  

Февраль 4, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!