ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ ВА АМРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ
Имрўз, 9 феврали соли 2010 бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ карда шуд. Чор нафар мутахассисони варзидаи соҳаи энергетика — Мўмин Тошматов, Абдулло Қурбонов, Сўҳроб Раҳимов ва Сунатулло Қодиров муовинони раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» таъин гардиданд. Зевар Давлатова, ки то ин вақт муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» буд, аз ин вазифа озод ва Директори муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон — Баҳористон» таъин карда шуд. Асрор Латипов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Грез Қосимов аз вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо озод ва ба вазифаи муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Раҳматулло Каримов Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» таъин карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






