1183 КӮДАКИ НАВЗОД ФАВТИД
Душанбе, 18 феврал (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2009 дар таваллудхонаҳои ҳудуди ин вилоят фавти 1183 кӯдакони навзод ба қайд гирфта шудааст, ки нисбат ба соли 2008 149 ҳодисаи фавти кӯдакон бештар аст. Ҳодисаи фавти кӯдакони навзод ва модарон ҳангоми таваллуд яке аз мавзӯҳои асосии муҳокимавӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин вилоят қарор ёфт. Дар ҷамъомадҳои кормандони соҳа, роҳҳои пешгирии фавти модару кӯдак дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, соли гузашта дар ин вилоят беш аз 60 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст, ки нисбат ба соли 2008 наздик ба 5 ҳазор кӯдак зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






