ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ БАРНОМА ВА НОМЗАДҲОИ ХУДРО МУАРРИФӢ МЕСОЗАНД
Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20 феврал дар шаҳри Душанбе ярмаркаи пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Назар ба иттилои менеҷери Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ /IFES/ дар Тоҷикистон Фарангис Азизова, ярмарка бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ ва кӯмаки молии Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ ташкил ва гузаронида мешавад. Дар ярмарка 8 аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барномаҳои пешазинтихоботӣ, номзадҳои худро ба интихоботи парлумонии кишвар муаррифӣ менамоянд. Фарангис Азизова афзуд, ки қаблан чунин ярмаркаҳо дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлону Суғд- шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд созмон дода шуда буданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






