205 861 СОМОНӢ ТАЛОФИИ СУҒУРТА БА ВАНҶИЁН
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Заминларзае, ки 2 январи соли 2010 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба амал омад, ба хоҷагии халқи ин ноҳия хисороти зиёд расонид. Дар натиҷаи азназаргузаронии хоҷагиҳои зарардида ва санҷиши мутахассисони соҳа муайян гардид, ки дар ноҳия 777 адад шартномаҳои ихтиёрии суғуртаи амвол, аз ҷумла 763-тоаш бо шахсони воқеъӣ ва 14-тоаш бо шахсони ҳуқуқӣ, баста шудааст. То 15-уми феврали соли 2010 ба зарардидагони ноҳия, аз ҷониби Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ва шӯъбаи давлатии суғуртаи ноҳияи Ванҷ ба маблағи 205 ҳазору 861 сомонӣ талофии суғуртавӣ ҳақгузорӣ шудааст. Дар ин самт корҳо идома дошта, хизматрасонии суғуртавӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва фаъолияти онҳо дар асоси шартнома бо ташкилоти суғурта, сурат хоҳад гирифт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






