4 МЛН. 941 ҲАЗОР СОМОНӢ — САҲМИ СУҒУРТАЧИЁН БА «РОҒУН»
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Кормандони Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» дар қатори мардуми шарифи Тоҷикистон иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷиҳати ба даст овардани иcтиқлолияти энергетикии кишвар ва саҳмгузорӣ ба сохтмони иншооти бузурги аср — Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дастгирӣ намуда, саҳми худро дар бунёди он мегузоранд. То имрӯз, кормандони Ширкат ва шӯъбаҳои он ба маблағи 4 млн. 112 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби кормандони соҳа ба андозаи 828900 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 4 млн. 941 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» харидорӣ шудааст. Илова бар ин, музди маоши дурӯзаи кормандон дар ҳаҷми 23,6 ҳазор сомонӣ ҳамчун кӯмаки молиявии бебозгашт ба суратҳисоби нерӯгоҳ гузаронида шуд. Дар «Тоҷиксуғурта» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин иқдоми охирин набуда, кӯшиш менамоянд, ки то ба итмом расидани сохтмони ин нерӯгоҳ, саҳми худро мегузоранд.