480 ГР АФЮН ДАРЁФТ КАРДА ШУД

Февраль 10, 2010 11:38

 Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи Агентии бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ноҳия Истаравшан, 9 феврали соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Эҳром Ашӯров, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Истаравшан дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисааш як бастача дарёфт карда шуд. Мувофиқи маълумотнома маводи навъи афюн буда, вазнаш 480 граммро ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Тафтишот идома дорад.     

Февраль 10, 2010 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!