АБДУЛЛОИ ҶОСБӢ БА ДУШАНБЕ ТАШРИФ МЕОРАД
Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 феврал Ректори Донишгоҳи озоди Теҳрон Абдуллои Ҷосбӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Эрон дар Душанбе иттилоъ доданд. Ҳадафи асосии сафари Абдуллои Ҷосбӣ ба Тоҷикистон гирифтани иҷозатнома дар мавриди таъсиси шӯъбаи Донишгоҳи озоди Теҳрон дар Душанбе ва имзои қарордодҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар хусуси табодули донишҷӯ ва устодон байни ду кишвар мебошад. Зимни сафари серӯзаи худ ба Душанбе Абдуллои Ҷосбӣ бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов дидору мулоқот менамояд. Ҳамчунин ректори Донишгоҳи озоди Теҳрон аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон боздид менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






