АНДОЗИ АРЗИШИ ИЗОФА БАРҲАМ ДОДА МЕШАВАД Ё НЕ?
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, маблағи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2009 дар ҳамаи хоҷагиҳои мамлакат 7903,4 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2008 10,5 фоиз зиёд мебошад. Соли гузашта дар мамлакат ба маблағи 5578,2 миллион сомонӣ маҳсулоти зироат ва ба маблағи 2325,2 миллион сомонӣ маҳсулоти чорво истеҳсол карда шуд. Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зикр кард, ки соҳаи кишоварзӣ мисли пештара барои Тоҷикистон соҳаи муҳимтарини пешрафти иқтисодиёт мебошад. Вале, ба кавли вазир, баъзе монеаҳое ҳастанд, ки ба рушди фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва умуман соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд. Яке аз онҳо нарасидани нуриҳои минералӣ ва доруҳои химиявӣ мебошад. Дар натиҷа ҳаҷм ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфта, нархи маҳсулот боло меравад. Бисёр ширкатҳои ватанию хориҷӣ нуриҳои маъданӣ ва воситаҳои химиявии муҳофизати наботот ва тухмиро аз хориҷа бо нархи гарон ва душвориҳои зиёд ба мамлакат ворид месозанд. Яке аз проблемаҳое, ки ворид сохтани ин воситаҳоро душвор мегардонад, ҳаҷми хеле зиёди андози арзиши изофа ва боҷи гумрук аст. Ин ҳам сабаби боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ мегардад. Ба қавли коршиносон, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сабаби баланд будани нархи воситаҳои химиявӣ маҷбуранд, ки нуриҳои маъданӣ ва тухмии пастсифатро истифода баранд. Дар натиҷа ҳосили зироат кам гардида, рушди соҳа боздошта мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳар сол то 40 фоизи ҳосил талаф меёбад. Ҳаҷми зиёди андозҳо, ки пардохтҳои гумрук ва андоз соҳаи кишоварзии мамлакатро камдаромад месозад. Айни ҳол мавзӯи асосии сиёсати кишоварзии аксарияти мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ бо роҳи додани қарзҳои дарозмуддат, ёрдампулиҳо ва имтиёзҳо мебошад. Дар баъзе мамлакатҳо сармоягузории давлатӣ ба хоҷагии кишоварзӣ аз нархи фурӯши онҳо 1,5 – 2 баробар зиёд аст. Дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ ва саноати озуқа дар пешрафти иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо нақши муҳим мебозад. Ассосиатсияи соҳибкорону тоҷирони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ният дорад, ки дар бораи бекор кардани андози арзиши изофаи асбобу анҷом, техника ва воситаҳои дигари истеҳсолоти кишоварзӣ таклифҳо таҳия намуда, ба муҳокимаи Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунад. Ба қавли Қ.Қосимов, зарурати бекор кардани андози арзиши изофа зимни ворид сохтани воситаҳои соҳаи кишоварзӣ ба пешрафти соҳа ва умуман иқтисодиёти он мусоидат хоҳад кард. Ӯ изҳори бовари намуд, ки агар андози арзиши изофа зимни ворид сохтани воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ бекор карда шавад, хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд маблағҳои сарфашударо барои харидани техника ва барқарор сохтани озмоишгоҳҳои агрохимиявӣ истифода баранд. Бояд гуфт, ки солҳои гузашта дар саросари ҷумҳурӣ 22 озмоишгоҳи агрохимиявӣ фаъолият дошт, вале айни ҳол аз ин миқдор ҳамагӣ се озмоишгоҳ боқӣ мондааст ва фаъолияти онҳо низ бо маблағ таъмин карда намешавад. Қ.Қосимов афзуд, ки соҳаи кишоварзӣ ба техникаи нав эҳтиёҷи калон дорад. Айни ҳол дар ҳамаи хоҷагиҳои мамлакат бештар аз 14 ҳазор трактор мавҷуд аст. Барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳамаи хоҷагиҳо боз камаш 7 ҳазор трактор зарур мебошад. Як қисми техникаи кишоварзӣ кӯҳнаю фарсуда шудааст, ки ин ҳам ба ҷараёни парвариши зироат таъсири манфӣ мерасонад. Соли 2009 аз хориҷа ба мамлакат ҳамагӣ 320 адад техникаи кишоварзӣ ва соли 2008 — ум 680 адад техника ворид карда шуд. Қ.Қосимов зикр кард, ки вазорати кишоварзӣ барномаи бо техника таъмин намудани соҳаро таҳия намудааст. Ин барнома ояндаи наздик ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда мешавад. Тибқи барномаи мазкур, соҳаи кишоварзӣ бояд то соли 2011 бо техника таъмин карда шавад. Вазир изҳор намуд, ки агар ҳар сол ба мамлакат аз 500 то 700 адад техника ворид карда шавад, соҳаи кишоварзиро дар давоми 5 соли оянда бо техника пурра таъмин кардан мумкин аст. Ёдовар мешавем, ки соли 2009 дар Тоҷикистон 1 миллиону 97 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карда шуд, то 90 фоизи онро гандум ташкил медиҳад. Ин дар давоми солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳосили баландтарини ғалла мебошад. Барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мамлакат ба ғалла ҳосилнокии онро ба 1,7 миллион тонна ва истеҳсоли гандумро то 1,2 миллион тонна расондан лозим аст. Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи имконияти бекор кардани андози арзиши изофа зикр намуд, ки Ҳукумат мӯҳлати пардохти қарзи хоҷагиҳои деҳқониро аз ҳисоби андоз, истифодаи об ва қувваи барқ ба маблағи қариб 230 миллион сомонӣ дароз кард. Ҳукумат аз ворид сохтани техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётии он аз хориҷи кишвар андози арзиши изофа намегирад. Вале таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин соҳа ягон пешрафт мушоҳида намешавад. Мо соҳибкоронро аз ин навъи андоз озод карда бошем, ҳам нархи маҳсулот тағйир наёфт. Натиҷаҳои ин иқдом моро қонеъ намегардонад, гуфт вазири молия. Мо ҳамчунин хоҷагиҳои деҳқониро аз хизмати фючеристҳо озод намудем. Акнун хоҷагиҳои деҳқонӣ аз бонкҳои давлатӣ қарз мегиранд. Бонкҳои давлатӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бо иловаи 10 фоиз маблағи даромад қарз медиҳанд. Бояд гуфт, ки бонкҳои тиҷоратӣ аз қарзҳои додаашон аз 18 то 23 фоиз фоида мегиранд. Давлат бо ҳамин роҳ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон медиҳад, ки аз ҳисоби фоидаи пасти қарз эҳтиёҷоташонро қонеъ гардонанд. Ҳукумат ҳар сол барои пешрафти соҳаи боғпарварӣ, харидани доруҳои химиявӣ ва ғайра кӯмакҳои гуногуни моддӣ мерасонад. Мо бояд масъалаи бекор кардани андози арзиши изофаи ворид сохтани воситаҳои истеҳсолоти кишоварзиро баррасӣ намоем. Дар мавриди зарурат маблағи андоз кам карда мешавад, вале агар дар ин бобат зарурат набошад, мо онҳоро аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳем кард. Ба қарибӣ дар Душанбе иҷрои барномаи нави Агентии рушди байналхалқии ИМА ба маблағи 9,7 миллион доллари ИМА барои 5 соли оянда шурӯъ гардид, ки ҳадафи он пешрафти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барнома рушди соҳаи кишоварзиро дар вилояти Суғд, қисми ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи пойтахт пешбинӣ менамояд. Тибқи барномаи мазкур барои зиёд кардани истеҳсоли зардолу, лимӯ, пиёз, помидор ва харбуза маблағ ҷудо карда хоҳад шуд. Барнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти бозоргир истеҳсол карда. ба хориҷи кишвар бароранд ва бештар маблағ ба даст оранд. Қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат маблағи зарурӣ надошта, маҳсулоти ночиз ба даст меоранд, онро ба хориҷи кишвар бароварда наметавонанд, дар натиҷа даромади ночиз мегиранд. Барномаи нав ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон медиҳад, ки ҳосилнокии зироатро афзунтар гардонда, ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбанд, гуфтанд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар намояндагии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Тоҷикистон.