БАҲОНА БИСЁРУ МАҚСАД ЯК
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додоев). – Номаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекитон Шавкат Мирзиёев ба унвони сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов мардуми Бадахшонро низ ба ҳайрат овард. Мушовири кабинети методии шӯъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Айнуллоҳ Лутфуллоев тазакур медиҳад, ки ба ақидаи сарвазири Ӯзбекистон Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ба ҳар бунёдкорие даст заданӣ шавад, иҷозаи Ӯзбекистонро пурсад. Ин ақидаи Шумо хатост, ҷаноби сарвазири кишвари ҳамсоя. Ба ҳар як кор аз рӯи инсоф бояд баҳо дод. Тарҳи Роғун ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ рӯи кор омада буд. Он вақтҳо бе хулосаи даҳҳо институтҳои зилзиласанҷиву лоиҳакашӣ ва дигару дигарҳо ба бунёди чунин иншооти азим иҷоза дода намешуд. Дар замони Шӯравӣ бо баҳонаи канда шудани сарбанди кӯли Сарез тарафи Ӯзбекистон бо имдоди Госплан ва Вазорати хоҷагии оби СССР лоиҳаи ба Ӯзбекистон бурдани оби кӯли Сарезро рӯи кор овард. Агар СССР пош намехӯрд, тарафи Ӯзбекистон, албатта ба муродаш мерасид, зеро ба хотири ҳар сол ба давлат супоридани беш аз як миллион тонна пахта, эркаи Москва буд. Ҳоло бошад бо баҳонаи зилзилаи 10-балла алайҳи нерӯгоҳи Роғун гом мениҳад. Ҳамаи ин баҳона асту халос. Муроди асосии Шавкат Мирзиёевҳо он аст, ки Тоҷикистон асло қоматашро рост накунад. Ш. Мирзиёев бояд фаромӯш накунад, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол ҳасту ҳуқуқ дорад, ки дар доираи талаботи қонунҳои умумибашарӣ фаъолияти хешро дар бунёдкориҳо, пешбурди зиндагии мардумаш роҳандозӣ намояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






