БА «МОВАРОУННАҲР» ЭЪТИМОД НАДОРАМ
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Мовароуннаҳр» яке аз ширкатҳои калонтарини сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе буда, бештар ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ сару кор дорад. Тавассути телевизиони Тоҷикистон ба мардум дар бораи ҳамкоӣ ва маблағгузорӣ барои дар мӯҳлати 2 – 3 сол соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шудан реклама медиҳад. Ин даъват аз ҷониби садҳо нафар сокинони шаҳр хуб пазируфта шуда, дар сохтмони манзилҳои истқоматӣ сармоягузорӣ кардаанд ва соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шудаанд. Аммо ба гуфти Лутфия Ғайратшоева – як тоҷирзани тоҷик , ки бо аҳли оилаашон дар шаҳри Илетски вилояти Липетски ФР ба кори тоҷирӣ машғуланд ва барои ба Тоҷикистон баргаштану аз хонаҳои барҳавои ширкати «Мовароуннаҳр» баҳрамад шудан, бо имзои як қарордод 40 ҳазор доллари амрикоӣ ба суратҳисоби ширкати мазкур гузаронида, дар муддати 5 сол боз наметавонад соҳиби хона шавад, боварӣ ва эътимоди садҳо шаҳрвандони дигарро барои ҳамкорӣ бо ин ширкат кам мекунад. Ба гуфти Л.Ғайратшоева ӯ ягона одами фиребхӯрдаи ин ширкат нест ва ба ҷуз ӯ боз даҳҳо шаҳрвандони дар вақташ соҳиби хона нашуда, шартномаҳояшонро бо ин ширкат бекор карда, бо як мушкилот маблағҳои худро ба даст оварданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






