БАРНОМАИ НАХУСТИНИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ ДАР ТОҶИКИСТОН ИҶРО ШУД

Февраль 15, 2010 15:12

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —  Бонки рушди  Осиё барномаи  аввали  худро  дар  Тоҷикистон  дар  бобати   тармиму таҷдиди  иншоотҳои  энергетикӣ  иҷро  намуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар  ҷараёни  иҷрои  барнома  панҷ   стансияи  иловагии  дорои  шиддати  миёна  ва  НБО Марказӣ  дар  вилояти  Хатлон  пурра  тармим  карда  шуданд. Мутахассисони  бонк   дар  ин  муддат  бехатарии  сарбанди  обанбори  Норакро  санҷида,  100  трансформатори тақсимкунандаи  қувваи барқро  иваз  карда,  141  километр  шабакаи  тақсимкунандаи   миёнашиддат  ва  317  километр  шабакаи  тақсимкунандаи   шиддаташ  пастро  тармиму  таҷдид  намуданд, ки  ба  55  деҳаи  вилояти  Хатлон  хизмат  мерасонд. Дар  доираи барномаи  Бонки  рушди Осиё  стансияҳои  иловагии «Ҷангал» ва «Новая»  дар  шаҳри  Душанбе  тармим  карда  шуданд. Намояндаи доимии бонк дар  Тоҷикистон Макото  Оҷиро  зикр намуд, ки   соҳаи  энергетика  барои Тоҷикистон  аҳамияти  ҳаётан  муҳим  дорад. Бонки  рушди  Осиё  барои  рушди  ин  соҳа  таваҷҷӯҳи  калон  зоҳир  менамояд. Мо  барои  беҳтар  сохтани  вазъияти  соҳаи  энергетика  ба  Тоҷикистон  кӯмак  мерасонем,  гуфт  М.Оҷиро. Бонки  рушди  Осиё  барои  иҷрои барномаи  аввали  худ  дар  Тоҷикистон  40  миллион  доллари  ИМА, Бонки  рушди  исломӣ  17  миллион  доллари  ИМА,  Ҳукумати  Швейтсария  8,7  миллион  доллари  ИМА ва  ширкати  «Барқи тоҷик» 9,6  миллион  доллари  ИМА ҷудо  карда буданд. Ёдовар  мешавем, ки  Бонки  рушди Осиё  аз соли  1998  сар  карда, барои таъмини  фаъолияти  мӯътадили  соҳаи  гидроэнергетика дар  Тоҷикистон  кӯмак  мерасонад. Бо  ин  мақсад   аз  ҷониби  Бонк  тӯли  солҳои гузашта  бештар  аз  130  миллион  доллари  ИМА  сарф   карда шудааст.  

Февраль 15, 2010 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад