«БЕЛАЗ» ВА СОХТМОНҲОИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 13, 2010 12:02

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Белорус омодааст, ки сохтмонҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мошинҳои боркаши пуриқтидори БелАЗ таъмин намояд. Ин нуқта 12 феврали соли ҷорӣ зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини вазири саноати Ҷумҳурии Белорус Генаддий Свидерский таъқид карда шуд. Муовини вазири Белорус тазаккур дод, ки ҷониби кишвараш омодааст, ки ҳамкориро дар самти соҳаи кишоварзӣ низ вусъат дода, дар таъмини бахши кишоварзии Тоҷикистон бо техникаи таъйиноти кишоварзӣ мусоидат кунад. Инчунин, Кохонаи истеҳсолии «Заводи автомобилбарории Белорус» (БелАЗ) тасмим гирифтааст, ки дар шаҳраки Роғун барои ронандагони мошинҳои тамғаи «БелАЗ» маркази таълимии бозомӯзии ронандагӣ дар ин намуди мошинҳоро таъсис диҳад. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешниҳод кард, ки Белорус дар самти бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ ва насосҳои обкаш низ мусоидат кунад.  Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва амсоли инҳо низ баррасӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҷаласаи байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистону Белорус доир карда мешавад.

Февраль 13, 2010 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!