БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ ВАРЗИШИ ТОҶИК
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — «Ман ҳамеша омода будам ҳамчун намояндаи Тоҷикистони азиз баромад кунам ва орзуи ман — комёб шудан ба муваффақиятҳои баланди варзишӣ амалӣ хоҳад шуд», — изҳор кард дар нишасти матбуотӣ варзишгари номии тоҷик Расул Боқиев. Мувофиқи суханони Расул Боқиев ҳангоми дар Маскав буданаш ба тамрин ва машқи ҷиддӣ машғул шуда муваффақиятҳои арзанда ба даст овардааст. «Пеш аз ҳама рақибони русиягии худро омӯхта ба онҳо аз наздик шинос шудам, ки ин барои ман дар оянда муҳим мебошад», — гуфт Р.Боқиев. Паҳлавон Р.Боқиев изҳор кард, ки ба мусобиқаҳои дар пеш истода омодагӣ мебинад ва аз моҳи март ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ворид мешавад. «Бори аввал дар таърихи варзиши тоҷик шартномаи махсус байни варзишгари касбӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, ки дар он ӯҳдадориҳои дақиқи ҷонибҳо нишон дода шудааст. Сарпарасти молиявии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, ширкати «Талко» омодагӣ ва иштироки Расул Боқиевро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар давоми солҳои 2010-2012 таъмин карда барои ҳар як дастоварди варзишӣ ба ӯ маблағи пулӣ тақдим мекунад», — қайд кард ноиби президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






