БОЗ ЯК СУДБОЗИИ НАВИ БУНИҲИСОРАКИҲО ОҒОЗ МЕГАРДАД
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷаласаи назоратии мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ки таҳти роҳбарии шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт оид ба аз байн бурдани манзили зисти 34 оила иттилоъ дода шуд. Шаҳрдорӣ идораҳои марбутаро вазифадор намудааст, ки оилаҳои хонаҳояшон тахрибшуда, бо манзили зист таъмин карда шаванд. Дар сурати қонунӣ будани хонаҳои харобшудаи оилаҳои дар маҳаллаи Буни Ҳисорак буда, маъмурияти Ҳукумати пойтахт онҳоро қонунан бо хонаҳои шахсӣ таъмин хоҳад кард. Аммо ба шарти қонунӣ набудани хонаҳои сохташуда, муваққатан то анҷоми муҳокимаи судӣ Ҳукумати шаҳр барои онҳо хонаҳои коммуналиро бо арзиши 50 фоизи пардохти маблағ ба иҷора медиҳад. Дар сурати аз тарафи суд эътироф шудани ҳуқуқ ба моликият иҷорапулӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳр пардохт шуда, хонаҳои додашуда хусусӣ гардонида мешаванд. Ҳеҷ нашавад, Ҳукумати шаҳр онҳоро бо замин барои сохтмони манзил таъмин мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






