БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ЗИМИСТОНАИ ВАНКУВЕР — 2010

Февраль 2, 2010 11:37

Душанбе,  2 феврал. январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Аз  12  то  28 феврали  соли  2010  дар  шаҳри Ванкувери  Канада  Бозиҳои  21 – уми  зимистонаи олимпӣ  баргузор  мегарданд. Кумитаи тадорукоти  бозиҳо  чанд  рӯз  пеш  хабар  дод, ки  иншооти  варзишии   шаҳри  Ванкувер ба   гузаронидани   қувваозмоиҳо  ва  қабули  варзишгарон  пурра  омода  карда шудаанд. Мусобиқаҳои  варзишӣ  дар   шаҳрҳои   Ванкувер,  Ричмонд  ва  Вистлер  баргузор  мегарданд. Дар   бозиҳои  зимистонаи  олимпии  Ванкувер  қариб  5500 варзишгар  аз  80  мамлакати  ҷаҳон  иштирок  хоҳад  кард. Ҷараёни  мусобиқаҳоро  бештар  аз  10 ҳазор  намояндагони  воситаҳои  ахбори оммавӣ инъикос  менамоянд.  Пешбинӣ  карда  мешавад, ки мусобиқаҳои  варзиширо  ба  воситаи телевизион  бештар  аз  3 миллиард  нафар  тамошо  хоҳад  кард. Мусобиқаҳои  варзишӣ  аз рӯи  навъҳои  гуногуни  варзиши  лижаронӣ  гузаронида  мешаванд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  маросими  кушодашавӣ  ва   анҷоми  бозиҳои олимпӣ  дар  майдони  варзишии «Би  Си Плас» — и   шаҳри  Ванкувер  баргузор  мегардад. Дар  варзишгоҳи  мазкур  қариб  55  ҳазор  тамошобин   ҷой  гирифта  метавонад.  

Февраль 2, 2010 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад