ДАСТГИРИИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА САРПАРАСТ ДАР РУШДИ ВАО

Февраль 22, 2010 10:33

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Акрам Ҳаитов). —  Имрӯз дар ш.Душанбе дар маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва муошират мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастгирии созмонҳои байналхалқӣ ва сарпараст дар рушди ВАО-и мустақили Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар  муҳаррирону созмондиҳандагони ВАО -и Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Идораи САҲА дар Тоҷикистон, дигар созмонҳои байналхалқӣ ва рӯзноманигорону мутахассисон иштирок мекунанд. Дар рафти ҷамъомад масъалаҳои фаъолияти созмонҳо вобаста ба дастгирӣ ва сарпарастии ВАО — афзалият, принсипҳо, меъёр ва нақшаҳои корӣ дар соли 2010 аз ҷониби Идораи САҲА дар Тоҷикистон, Институти ҷомеаи кушод, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Барномаи рушди СММ, Сафорати Британияи кабир дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Намояндагии Комиссияи Аврупо  баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба таъсири созмонҳои сарпараст дар муносибатҳои бозаргонии ВАО, имконияти таҳкими ҳамкориҳо миёни ВАО-и мустақил ва созмонҳои сарпараст мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Февраль 22, 2010 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!