ДОНИШГОҲИ «ДӮСТИИ ХАЛҲО» 50 – СОЛА ШУД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯзҳо дар пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Маскав 50 — солагии яке аз мактабҳои олии машҳури ин мамлакат — Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» ботантана таҷлил карда мешавад. Ҳоло дар ин мактаби олии Русия бештар аз сад нафар донишҷӯ ва аспиранти тоҷик таҳсил мекунанд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ба ин муносибат ба унвони ректори Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо», академик Владимир Филиппов барқияи шодбош фиристод. Дар барқия ба фаъолияти донишгоҳ, саҳми он дар тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, давом додани анъанаҳои неки солҳои гузашта ва ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои илмию маорифи мамлакатҳои дигар ва пеш аз ҳама бо мамлакатҳои собиқи шӯравӣ баҳои баланд дода мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






