ХАТАРИ НАВИ САЙЁРА
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муҳандис – гидротехник Сайдалӣ Тоҳиров, аз чор се ҳиссаи масоҳати сайёраи Замин ҳеҷ гоҳ ором нест. Дар давоми 200 соли охир сатҳи оби уқёнусҳо бетағйир буд. Тадқиқоти охири олимон вобаста ба гармшавии ҳавои сайёра то 1,5 метр баландшавии сатҳи оби уқёнусҳою баҳрҳоро пешгӯӣ кардаанд. Тибқи гуфтаҳои олимон, агар сатҳи оби уқёнусҳои олам то 1 метр баланд шавад, 72 млн. аҳолии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 10 фоизи сокинони Ветнам ҷои зисташон ҳатман иваз карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар акс аз нарасидани оби ошомиданӣ ва обёрии заминҳо ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат, масъалаи захира намудани оби ошомиданӣ тавассути кӯлу ҳавзҳо дар ноҳияҳои камоби вилояти Хатлон бояд аз мадди назари мутахассисон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дур набошад, — мегӯяд олим Холназар Муҳаббатов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






