ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САҲМИЯ МЕХАРАНД

Февраль 19, 2010 17:00

Ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009, №742 «Дар бораи ҳифзи ҳукуки саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгохи барқи обии Роғун», ихтиёрӣ фурӯхта шудани Саҳмияхо танҳо ба шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон, ҳар як шахси ватандӯст, хоса ҷавононро водор месозад, ки барои харидори намудани саҳмия ва ҳиссагузорӣ намудан барои бунёди Нерӯгохи мазкур бетараф набошанд. Аз назари дигар, саҳмгузории ҳар як шахрванд дӯст доштани Ватан, тақдири ояндаи давлату миллат ва худшиносиву эҳсоси баланди ватандӯстии мову Шуморо исбот хохад сохт. Тавассути воситаҳои ахбори умуми ватани маълум мегардад, ки пиру барно, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону омӯзгорон, ҷавонону варзишгарон, муассисаҳои давлатию чамъиятии кишвар сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, аллакай беҳбудии минбаъдаи сатху сифати зиндагии мардум ва таъмини истиқлолияти энергетикиро интихоб намудаанд. Мо шунавандагони нахустини Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки аз тамоми мақомоти давлатии соҳаҳои гуногуни кишвар дар хайати 61 нафар сарчамъ омадем, ҳар моҳ аз ҳисоби Стипендияҳои худ дар мачмӯъ ба маблаги 3200 (се ҳазору дусад) сомонӣ аз саҳмияҳои Нерӯгоҳ харидорӣ намуда истодаем, ки ин ҳиссае бошад ҳам барои ободии рӯзгор ва чароғонии хонадони ҳар як фарди тоҷик мусоидат хоҳад намуд. Яъне, амали шудани накшаҳои мавҷуда имкон медихад, ки талаботи иқтисодиёти Тоҷикистон ба нерӯи барқ пурра таъмин гардонида шуда, барои содироти он имконияти васеъ ба вучуд ояд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон  ба содиркунандаи нерӯи барқи арзон мубаддал хохад гашт ва на танхо иқтисодиёти худи ҷумхурӣ, балки минтақа ва давлатҳои ҳамсояи дуру наздикро таҳким хоҳад бахшид.             Чун мо дар ҳамин сарзамин умр ба сар мебарем, аз обу хоки он истифодаи самаранок мебарем, бояд кӯшишу ғайрати ҳаматарафаи худро барои ободониву созандагӣ, бунёдкори ва пешрафту болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат равона созем. Зеро Сардори давлат ба мардуми тоҷик, хоса ҷавонон эътимоди зиёд доранд ва ин бовари моро ҳам итминон мебахшад, ки бояд рисолати хешро дар ин давраи сарнавиштсоз ба иҷро расонида, ба муваффақиятҳо ноил гардем.   Фаридун Ҳодибоев Магистранти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    

Февраль 19, 2010 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид