ХУСУСИЯТҲОИ МУРАККАБИ ГЕОЛОГӢ

Февраль 3, 2010 10:48

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ генерал – майор Ҳайбулло Латипов, Тоҷикистон бо хусусиятҳои мураккаби геологӣ, гуногунии шароитҳои геморфологӣ ва равандҳои экзогеннии  геологӣ ба минтақаи фалокатҳои табиӣ, аз ҷумла: ярч, сел, тарма ва заминларза дар сайёра бақайд гирифта шудааст. Хадамоти сабти ҳодисаҳои заминларзаи  Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 3 ҳазор ҳодисаҳои заминларзаро ба қайд мегиранд. Дар асри гузашта дар ҳудуди қаламрави ҷумҳурӣ  се  ҳодисаи заминларзаи харобиовар аз рӯи 7,3 балли ҷадвали рихтерӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин  заминларзаи Қаратоғ (соли 1907), Сарез (1911) ва Ҳоит соли 1949 мебошанд. Таи соли 1998 – 2007 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳодисаҳои заминларза бо иқтидори 7 балл аз рӯи ҷадвали рихтерӣ дар ноҳияи Данғара (3 – юми сентябри соли 1998), Ҳисор (27 – уми марти 1999), Фархор (31 – уми октябри 2000 -ум), Роғун (9 – уми январи 2002), Рӯдакӣ (августи 2006), Қумсангир (29 – уми июли 2007), Рашт (22 – юми июли 2007) ва Исфара  8 – уми  январи 2007 ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин ҳодисаҳои табиӣ хисороти зиёд ба иқтисодиёти хоҷагиҳо расонида шудааст. Боиси тазаккур аст, ки нерӯгоҳҳои  барқии дар ин минтақаҳо аз рӯи 11,5  балли  ба ҷадвали рихтерӣ тобовар, сохта   шудаанд ва бар асари ин ҳама ҳодисаҳои рухдода ҳеҷ гуна осебе надидаанд. Тибқи нуқтаи назари мутахассисон, заминҷунбие, ки аз рӯи 11, 5 балли рихтерӣ дар Тоҷикистон рух диҳад,  бавуҷуд омаданаш номумкин аст.

Февраль 3, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад