ИДОМАИ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТ

Февраль 1, 2010 09:19

30 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси  васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2009 ва вазифаҳо дар соли равон идома ёфт. Дар идомаи маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи Раиси вилояти Суғд қоҳир Расулзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки 77 корхонаи саноатии вилоят афзоиши истеҳсолотро таъмин карда натавониста, 17 корхона фаъолият надоштаанд ва 16 намуди маҳсулоти саноатӣ умуман истеҳсол нашудааст, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои саноатӣ пурра бо нерўи барқ таъминанд ва ҳеҷ гуна монеа барои фаъолияти онҳо бояд набошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кишт нашудани 7 ҳазору 200 гектар заминҳои корам, таъмин нагаштани ҷамъоварии пурраи маблағи истифодабарии барқу газ ва бисёр корҳои дигар изҳори нигаронӣ намуда, ба раиси вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он як қатор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вақтҳои муайяни қабули  шаҳрвандон дошта бошанд, пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан дар тамоми қаламрави вилоят таъмин карда шавад, баҳри тарғибу  ташвиқи  саҳмгузорӣ дар бунёди нерўгоҳи Роғун, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва таъмини  истиқболи  сазовор аз 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу муассир андешида шаванд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба вусъати  корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, рушди боғутокпарварӣ, картошкапарварӣ, истифода аз тухмиҳои  хушсифат ва доир ба дигар корҳои муҳим дода шуд. Аксари ҳамин супоришҳо ҳамчунин дар назди Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ва дигар шаҳру ноҳияҳо гузошта шуд. Ба Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қодири қосим, раисони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ  барои саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани  сохтмони  иншооти сершумори шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби вазорату идораҳо бунёд меёбанд ва ҳамчунин оид ба бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Оид ба ободонии шаҳри Хорўғ ва маркази ноҳияи Шуғнон, ки дар деҳаи Поршнев бунёд меёбад, дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Доир ба расонидани кўмакҳо ба аҳолии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ дастур дода шуд. ки баҳри  додани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил дар ҷойҳои бехавф, бунёди мактаб, маркази саломатӣ, кашидани хатҳои нерўи барқ, обтаъминкунӣ ва муҳайё намудани дигар инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вазифадор карда шуд, ки баҳри ободонии минбаъдаи пойтахт, беҳтар сохтани симои меъморию фарҳангии кўчаю хиёбонҳо, вусъат додани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ, бартараф намудани  мушкилоти мусофиркашонии дарунишаҳрӣ ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ тадбирҳои судбахш андешад. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба бунёди боғҳои нав ва барқарорсозии боғу токзори кўҳна супоришҳои мушаххас дода шуд, аз ҷумла ба раиси шаҳри Ваҳдат дастур дода шуд, ки бо ҷалби  соҳибкорони маҳаллӣ тамоми боғутокзори минтақаи Чормағзакро пурра барқарор намоянд. Ба Раиси ноҳияи ҷиргатол баҳри васеъ намудани майдони кишти картошка аз ҳисоби заминҳои нави азхудшаванда супоришҳои қатъӣ дода шуд. Ин вазифа ҳамчунин дар назди раисони дигар ноҳияҳои картошкапарвар гузошта шуд. Зимни ҳисоботи  роҳбарони тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин  бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки  муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳмгузорӣ дар бунёди нерўгоҳи Роғун  дастгирии васеъ пайдо намудааст ва хариди саҳмияҳои он минбаъд пайваста идома хоҳад ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо аз рафти фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун ҳар моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд. Дар назди роҳбарони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҳамчунин оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва амру фармонҳои Президенти мамлакат вазифаҳо гузошта шуд. Баъди анҷоми ҳисоботдиҳии роҳбарони  вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи асосии маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро  дар соли 2009 мавриду таҳлилу баррасӣ қарор дод ва вазифаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари  иҷроияи ҳокимияти давлатиро барои соли 2010 муайяну машаххас намуд. Дар суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, аз нақши муттаҳидсози нерўгоҳи Роғун ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин муттаҳидӣ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки пас аз як моҳ доир мегардад, боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳамагон даъват намуд, ки барои дар доираи қонун, инчунин озоду шаффоф ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва интихоби номзадҳои арзандаи халқ масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Февраль 1, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе афзоиш медиҳад
Тарғиби чорабиниҳои сатҳи баланди Тоҷикистон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Туркманистон
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Iran Expo 2025» иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занҳои ихтироъкор – 2025» баргузор гардид
Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар бандари Эрон ба 70 нафар расид
То 2 май дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони шаҳри Бохтар дар замини наздиҳавлигияшон гармхона ташкил намуданд
«IRS» бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар масири Душанбе – Чанок гузаргоҳи назоратӣ таъсис дод
Ба соҳибкори муваффақи тоҷик аз ҷониби Президенти Қазоқистон Медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд
Дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кӯдаконаи футбол баргузор шуданд
НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст