КӮМАКИ ҒАЙРИСТАНДАРТИИ РОССИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи санадҳои тартибдодаи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ 67 тонна 978 килограмм орди гандумии аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона воридшуда, ғайристандартӣ дониста шуд. Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки орди гандумии зикршуда дар анбори Агентии захираҳои моддии давлатӣ нигаҳдорӣ шуда, тибқи иттилоои кормандони ин анбор, бо сабаби доштани мета, бӯй ва маззаи ғайримуқаррарӣ, он барои истеъмол шубҳанок менамуд. Дар натиҷаи ташхиси мутахассисони «Тоҷикстандарт» истеъмоли ин орд ба аҳолӣ хавфнок арзёбӣ шуда, барои истеъмоли хӯроки чорво тавсия дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми соли 2009 аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» 3 ҳазору 84 тонна орду гандум ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва ё нобут карда шуданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






