КОМЁБИИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи байналхалқӣ барои ба даст овардани Ҷоми имтиёзи Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи «А» ҷои аввалро ишғол намуда, ба қувваозмоии ниманиҳоӣ роҳхат гирифт. Шогирдони Пӯлод Қодиров рӯзи шанбе зимни қувваозмоӣ бо дастаи мунтахаби Мянма бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст оварданд. Ҳисоби бозиро дар даври аввал Иброҳим Рабимов кушод, баъди танаффус Нӯъмон Ҳакимов ва Юсуф Рабиев ба дарвозаи ҳарифон боз як тӯбӣ заданд. Ҳамин тариқ футболбозони тоҷик муборизаро барои ба даст овардани роҳхати ягона ба мусобиқаи дастаҳои футболи қитъаи Осиё давом медиҳанд, ки моҳи январи соли 2011 дар Қатар баргузор мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






