КОРШИНОСИ РУС: РОҒУН, БА ҲАМА МЕЪЁРҲО МУТОБИҚ АСТ

Февраль 15, 2010 15:36

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», http://www.ozodi.org). — Николай Савченков, олими рус ва яке аз тарроҳҳони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи ин нерӯгоҳ аз ҳама лиҳоз, яъне ҷанбаҳои экологӣ, фаннӣ, тавозуни об ва сейсмологӣ ба меъёр мутобиқ аст. Вай азфуд, Роғун метавонад обанбори бузурге барои таъмини кишварҳои минтақа бо об гардад. Ба таъкиди Савченков, пажӯҳишҳои ахири мутахассисону олимони русу тоҷик дар маҳалли ин нерӯгоҳ собит кардааст, ки садди обанбори Роғун ба заминларзаи то 9 дараҷаи ҷадвали Рихтер тобовар хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки академик Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси маъруфи тоҷик, мегӯяд, таҷриба нишон додааст, ки то ҳол дар минтақаи сохтмони ин нерӯгоҳ, дар шарқи Тоҷикистон, заминларзаи беш аз 6 дараҷаи Рихтер рух надодааст. Академик Неъматуллоев афзуд, заминларзаи Ҳоит, ки дар 80 соли пеш ба вуқӯъ пайваст, ҳамагӣ 6 дараҷаи Рихтерро ташкил мекард. Бино ба иттилои масъулини Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, гурӯҳе аз мутахассисони ин маркази илмӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Роғун қарор доранд, ки ба омӯзишу тадқиқи қишри замин машғул ҳастанд. Ҷаҳонгир Низомов, роҳбари Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, хоки маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар муддати ҳудуди сӣ соли ахир, яъне аз оғози корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ дар даврони Шӯравӣ тағйир накардааст. Ба ин далел, меафзояд ӯ, сохтмони нерӯгоҳ аз лиҳози геологӣ ва экологӣ пурра ҷавобгӯ буда, ҳеҷ хатареро ба дунбол надорад. Ахиран Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, бо ирсоли номае ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов хостори арзёбии байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун шудааст. Нахуствазири Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати сарфи назар шудани мавқеи Узбакистон ин кишвар ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои эҳтимолии сохтмони нерӯгоҳи Роғун муроҷеъ хоҳад шуд. Зеро, ба таъкиди Шавкат Мирзиёев, ин нерӯгоҳ дар маҳалли зилзилахези то 10 дараҷаи Рихтер бунёд мегардад, ки дар сурати вуқуи заминҷунбӣ бо ин шиддат марги садҳо ҳазор нафар аз сокинони кишварҳои минтақа имкон дорад. Аммо Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар номаи ҷавобӣ ба ҳамтои узбакаш иддаои ҷониби Узбакистонро бепоя донист ва гуфт, «идомаи сохтмони «Роғун» ҳаққи Тоҷикистон аст». Нахустин корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар авоили даҳаи 1970 бар пояи лоиҳаи дар Тошканд — пойтахти Узбакистон тарҳрезишуда шурӯъ гаштааст.

Февраль 15, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид