МӮЙСАФЕДИ 81 СОЛА ЧӢ ГУНОҲ ДОШТ?
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 17 феврали соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш ҷасади шаҳрванд Аҳмад Юсупови 81 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод шаҳраки Зафаробод бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ташхиси тиббӣ нишон медиҳад, ки А. Юсупов бо якчанд зарба тавассути хишт ба ҳалокат расидааст. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 қ. 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуд. Айни замон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои ошкор ва дастгир намудани ҷинояткор идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






