МАКТАБ БАРҚАРОР МЕШАВАД

Февраль 25, 2010 14:33

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). – Ҳукумати  Ҷопон  дар  доираи  барномаи  «Вокуниши  таъҷилӣ  ба  фалокатҳои табиӣ» барои  барқарор  сохтани  бинои   мактаби  миёнаи  рақами  24  —  и  деҳаи  Тоҷиксои  ҷамоати Намунаи  ноҳияи  Панҷ 95 ҳазору  425  доллари  ИМА  ҷудо  кард. Мактаби  мазкур  моҳи  майи  соли  2009  дар  натиҷаи  боришҳои  тӯлонӣ  ва  сел  ба  куллӣ  хароб  гардида буд. Талабагони он  дар   хонаҳои  хешу таборонашон  зиндагӣ  карда,  дар  мактабҳои  деҳаҳои  дигар  таҳсил  мекунанд  ё  умуман  ба  мактаб  намераванд. Бо  кӯмаки  молиявии  ҳукумати  Ҷопон  бинои  мактаб  дар  ҷои  бехавф  сохта  мешавад.  Инчунин  синфхонаҳои он  бо тамоми  асбобу  анҷоми  зарурӣ мебел ва  таҷҳизоти  зарурӣ  таъмин  карда  хоҳанд  шуд.  Дар  мактаби  нав  350  талаба   таҳсил  мекунад,  ба  онҳо  21  муаллим  таълим  хоҳад  дод. Ҳукумати  Ҷопон  аз  соли  1996  сар  карда,   дар  Тоҷикистон  дар  бобати   расондагни  кӯмакҳои  башардӯстона  ба   мақомоти  маҳаллӣ,  созмонҳои  ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ,  муассисаҳои  маориф  ва  тиббӣ  244   барномаро   амалӣ  сохтааст. Барои  иҷрои  ин  барномаҳо  16,4  миллион   доллари  ИМА  сарф   карда  шуд. 

Февраль 25, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд