МАРҲАЛАИ СЕЮМИ СОХТМОНИ РОҲ
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директории лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон – Зиғар Исмонқул Шоқулов, марҳалаи дуюми сохтмони роҳи Шоҳон Зиғар анҷом дода шуд ва он то 20 – уми феврали соли ҷорӣ аз тарафи комиссияи давлатӣ қабул карда мешавад. Дар сурати дар давоми як соли кафолатӣ пайдо кардани камбудҳои сохтмонӣ ислоҳи он ба зимаи пудратчӣ гузошта хоҳад шуд. Аз охири моҳи феврали соли 2010 марҳалаи сеюми сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон – Зиғар ба дарозии 35 км оғоз меёбад, ки он дар асоси созишномаи қарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расидааст. Барои пайдо кардани пудратчии сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон – Зиғар дар марҳалаи сеюм тендер эълон карда мешавад ва он бояд то охири моҳи феврали соли ҷорӣ муайян гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






