МАШҚИ НАВБАТИИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ СААД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Февраль 25, 2010 16:16

Хуҷанд,  25  феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Имрӯз  дар  маркази  таълимии   шӯъбаи  Бонки  миллии Тоҷикистон  дар  шаҳри  Хуҷанд  гуфтушуниди  дуюми  аъзои   ситоди   тайёр  кардан  ва  гузаронидани  машқи  ҳарбии  Қувваҳои  низомии  дастаҷамъии  давлатҳои  аъзои  Созмони  аҳдномаи  амнияти   дастаҷамъӣ оғоз  ёфт. Дар  мулоқот  намояндагони   вазоратҳои  мудофиаи  чор  давлат – Тоҷикистону  Русия ва  Қирғизистону  Қазоқистон  иштирок  доранд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   гуфтушуниди  мазкур  се  рӯз  давом  мекунад. Дар  ин  муддат масъалаҳои  ташкилӣ  муҳокима  карда,  маҳалли  гузаронидани  машқи  ҳарбӣ  аз назар  гузаронида,  миқдори  иштирокчиён  ва техникаи  ҳарбӣ  муайян  карда  мешавад. Барои  гузаронидани  машқ  аз  ҳисоби   мамлакатҳои  аъзои  СААД  маблағ  ҷудо  карда  хоҳад  шуд. Гарнизони  вилояти  Суғд  барои  иштирокчиёни  машқ  шаҳраки  хаймаҳо  пешниҳод  намуда,  шароити  дигари   буду  боши онҳоро таъмин  менамояд.   Машқи  ҳарбӣ  бори  аввал   дар  ҳудуди  гарнизони   вилояти  Суғд  гузаронида  мешавад. Бояд  гуфт, ки   машқи  ҳарбии  мазкур  ягон  ҳадафи  сиёсӣ  надорад ва  мувофиқи  нақшаи  пешакӣ тартибдодашуда  гузаронида  мешавад. Сардори  раёсати  банақшагирии   тайёрии   муштараки  ҷангии  Ситоди  муттаҳидаи  СААД, генерал – майор  Владимир Устинов   зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигорон   изҳор  намуд, ки  ҳадафи  машқ   санҷиши  тарзу  усулҳои  ҳамкории   мақомоти  идораи  ҷузъу  томҳои  Қувваҳои   дастаҷамъии  мамлакатҳои  аъзои  созмон  мебошад. 

Февраль 25, 2010 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад