МАШВАРАТИ КОРШИНОСОНИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Маскав, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав машварати коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар машварат проблемаҳои имрӯзаи Афғонистон муҳокима карда мешаванд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои аъзои созмон барои тақвияти мубориза ба муқобили таҳдидҳо аз қаламрави ин мамлакат баррасӣ карда мешаванд. Муовини Муншии умумии созмон Ара Бадалян ба хабарнигорон гуфт, ки зимни машварат масъалаҳои ташкили интиқоли борҳо барои ҷузъу томҳои байналмилалии эътилофӣ дар Афғонистон ва паймонҳои дар ин масъала ба даст овардаи давлатҳои аъзои СААД ва НАТО низ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






