МАСОҲАТИ ЗАМИНИ КИШТ ВАСЕЪ МЕГАРДАД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ноҳияи Данғара даври дуюми барномаи қобили кишт гардонидани қитъаҳои нави замин иҷро карда мешавад. Тибқи барнома тӯли солҳои оянда бояд 2,8 ҳазор гектар замин қобили кишт гардонида шавад. Бо ин мақсад 30 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Маблағи мазкурро Бонки рушди исломӣ, фонди рушди Кувайт ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо менамоянд. То имрӯз дар доираи барнома ба маблағи 1,2 миллион доллар корҳо иҷро шуданд. Аз ҷумла, ба дарозии 5 километр канал канда шуд. Канали мазкур аз обанбори Норак оғоз меёбад. Барномаи қобили кишт гардонидани масоҳати калони замин дар ноҳияи Данғара ҳанӯз солҳои ҳокимияти шӯравӣ таҳия карда шуда буд. Мувофиқи он дар ин ҷо 93 ҳазор гектар замин қобили кишт гардонида, 24 совхоз ташкил намуда, ва 3 ноҳияи нав бунёд карда мешуд. То барҳам хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ дар ин ҷо ҳамагӣ 6,4 ҳазор гектар замин қобили кишт гардонда, 2 совхоз ташкил шуда буд. Даври сеюми барнома қобили кишт гардонидани 1750 гектар заминро пешбинӣ менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






