МИҚДОРИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО ЗИЁД МЕШАВАД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Фурудгоҳи байналмилалии «Қурумоч» — и шаҳри Самараи Федератсияи Русия ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии «Уралскии авиалинии» аз 26 феврал сар карда, ба шаҳри Хуҷанд парвоз мекунанд. Ҳавопаймоҳои мусофирбар соати 1 – у 50 дақиқа аз шаҳри Самара парвоз карда, соати 6.00 дар шаҳри Хуҷанд фуруд меоянд. Инчунин ҳавопаймоҳо соати 8.00 аз Хуҷанд парвоз карда, соати 10.00 ба шаҳри Самара мерасанд. Ҳамин тариқ ҳавопаймоҳои мусофирбар дар байни шаҳрҳои Самара ва Хуҷанд дар як ҳафта ду маротиба парвоз хоҳанд кард. «Фурудгоҳи байналмилалии «Қурумоч» яке аз фурудгоҳҳои калонтарин ва серодами Округи федералии Поволже мебошад. Ҳавопаймоҳои он ба ҳамаи минтақаҳои Русия ва мамлакатҳои дуру наздики хориҷӣ парвоз мекунанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






