МУАССИСАҲОИ БУҶАВӢ ЧАНД СОАТ БО НЕРӮИ БАРҚ ТАЪМИН МЕШАВАНД?
Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор, инчунин самаранок истифодабарии вақти корӣ дар тамоми муассисаҳои буҷавии дорои реҷаи кории якбастаи муқими шаҳр муддати як моҳ интиқоли нерӯи барқ аз соати 6-30 –и субҳ то 19-00 –и шом таъмин карда мешавад. Дар ин хусус аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Бо ин мақсад Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 8 феврал баргузор шуд, ба масъулини ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» супориш дод, ки ибтидо аз иншооти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Душанбе дар мӯҳлати як моҳ татбиқи муқаррароти мазкурро барои кулли корхонаҳои буҷавии дар ҳудуди пойтахт қарор дошта, амалӣ созад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад






