МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО А.ФЕРЕЙРА

Февраль 19, 2010 09:29

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  дирӯз  бо  роҳбари намояндагии  Муассисаи  ҷаҳонии  озуқаи  Созмони  Милали  Муттаҳид дар  Тоҷикистон  Алзира  Ферейра  мулоқот  кард. А.Ферейра  дар  оғози  мулоқот  эътиборномаи  худро   ба   вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  супорид. Баъдан   масъалаҳои  ҳамкории  Тоҷикистон  бо  ин  муассисаи  мӯътабари  СММ  муҳокима  шуданд. Мусоҳибон   ба  натиҷаҳои  амалӣ  сохтани барномаҳои  ҳамкории  Тоҷикистон ва   намояндагии   Муассисаи   озуқаи  СММ  дар  соли  2009  таваҷҷӯҳ  зоҳир  намуданд.  Ҳар  ду  ҷониб  инчунин   ҳамкориро  дар  масъалаи  барқарор  сохтани  иқтисодиёти  Афғонистон  мавриди баррасӣ  қарор  доданд.

Февраль 19, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад