МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО Б. КАРДИН
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Тавре хабар дода шуда буд, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар машваратҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА ба Вашингтон рафта буд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 9 феврал дар Вашингтон бо узви Кумитаи муносибатҳои байналхалқии сенати ИМА, директори комиссияи Хелсинкии Сенат Бенҷамин Кардин мулоқот кард. Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки равнақу ривоҷи муносибатҳои бардавому тӯлонӣ ва дӯстонаи Тоҷикистону ИМА ба манфиати ҳар ду давлат буда, ба таҳкими сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд. Мусоҳибон инчунин масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумони Тоҷикистон, ҳамкории ҳар ду кишвар дар доираи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, муносибатҳои минтақавӣ ва вазъияти Афғонистонро баррасӣ намуданд. Зимни муҳокимаи вазъияти Афғонистон қайд карда шуд, ки Тоҷикистону ИМА мавқеи ҳамдигарро дар мубориза ба муқобили терроризм, барқарор сохтани сулҳ ва иқтисодиёти ин мамлакат дастгирӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






