МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ИСМОИЛХОН

Февраль 15, 2010 13:58

15 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерў ва захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхонро ба ҳузур пазируфт. Дар вохўрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика, баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид бунёди хатти 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон, хатти 500 киловолтаи миёни қирғизистон —  Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон КАСА – 1000 ва сохтмони нерўгоҳҳои нави барқӣ зоҳир карда шуд. Муҳаммад Исмоилхон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки сохтмони хатти 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон дар ҳудуди Афғонистон низ дирўз оғоз ёфт ва баъд аз 10 моҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба нақшаҳои сохтмони роҳу пулҳои нави мошингард ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон, доир ба авзои иҷтимоӣ- сиёсии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 15, 2010 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад