МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАМАЗОН АБДУЛАТИПОВ
22 феврали соли 2010 бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав- Раиси Ассотсиатсияи халқҳои Русия Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Рамазон Абдулатипов ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкими дўстию бародарӣ ва ҳамкории миёни Русияву Тоҷикистон Медали тиллоии Ассотсиатсияи халқҳои Русияро тақдим намуда, ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои гуманитарӣ ва муносибатҳои дўстонаи миёни мардумони ду кишвар баҳои баланд дод. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Рамазон Абдулатипов ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои ташрифи худ иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав ва муассисаҳои олии таълимии соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ният доранд ҳамкории барои ҳарду ҷониб судмандро васеъ ба роҳ монанд. Чунонки зикр гардид, имрўз миёни Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Пагоҳ созишномаҳои ҳамкорӣ ҳамчунин бо Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба имзо хоҳанд расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки баҳри омодасозии кадрҳои баландихтисоси бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монанд. Қарор карда шуд, ки моҳи июни соли 2011 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии фарҳангӣ доир карда шавад. Имсол гузарондани чунин форум дар шаҳри Парижи Фаронса дар нақша будааст. Рамазон Абдулатипов худро дўсти қарини Тоҷикистон муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки ў ҳамчунин ба ҳайси роҳбари Иттиҳодияи таълимӣ – методии ҳамаи муассисаҳои олии таҳсилотии соҳаи фарҳанги Русия метавонад баҳри густариши робитаҳои гуманитарии ду кишвари дўст саҳми намоён гузорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






