МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ КОРШИНОСОНИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Февраль 19, 2010 11:23

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  24 – 25  майи   соли равон  дар  Душанбе   дар  арафаи   мулоқоти  сарони  давлатҳои   аъзои  Созмони  ҳамкории  Шанхай  машварати  панҷуми  байналмилалии   коршиносони созмон  баргузор  мегардад. Ташкилкунандаи  машварат Маркази   тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад. Тибқи  нақша  дар  машварат  бештар  аз  50  намояндаи   шаш  давлати  аъзои  СҲШ – Чин,  Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  ва  Тоҷикистон,  инчунин  4  намояндаи  давлатҳои  мушоҳид – Эрон,  Ҳиндустон,  Покистон ва  Муғулистон ва  намояндагони давлатҳои шарик Белорусия ва  Шри – Ланка  иштирок  хоҳанд  кард. Дар  машварат  коршиносон,  кормандони  муассисаҳои  илмӣ,  вазорату  идораҳо ва  кормандони   масъули  Кумитаи  иҷроияи  котиботи  СҲШ   иштирок  менамоянд. Ба  рӯзномаи  машварат  масъалаҳои  истифодаи  оқилонаю  самарабахши  захираҳои   обу  энергетикаи  Осиёи  Марказӣ,  ҳамкории  иқтисодии мамлакатҳои  аъзои  СҲШ,  истифодаи  имкониятҳои  нақлиётӣ  ва   коммуникатсионии  СҲШ,   проблемаҳои  ҳамкории  минтақавӣ  дар  соҳаи  таъмини  амният, нақшаҳои ояндаи  қабули  мамлакатҳои  нав  ба  узвияти  созмон,  вазъи  имрӯзаи  ҳамкории  гуманитарӣ  ва  ҳамкории  СҲШ  бо   созмонҳои  дигари  байналхалқию  минтақавӣ  дохил  карда  шудаанд.

Февраль 19, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид