МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ ЧКАЛОВСК
Чкаловск, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 19 феврал дар шаҳри Чкаловск рӯзи қабули шаҳрвандонро ташкил намуда, бо мушкилоти зиндагии онҳо шинос шуд. Дар маросими қабули шаҳрвандон роҳбарони идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла раёсатҳои маориф, тандурустӣ, молия ва хифзи иҷтимоӣ иштирок доштанд. Қ.Расулзода ба роҳбарони мақомоти шаҳр супориш дод, ки аризаю шикояти шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, мушкилоти зиндагии онҳоро сари вақт ҳал намоянд ва аз натиҷаи он ба роҳбарияти вилоят хабар диҳанд. Баъди чошти дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкаловск бо иштироки Қ.Расулзода маҷлиси фаъолон баргузор гардид. Раиси вилоят зикр кард, ки дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бобати баррасӣ намудани аризаю шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Ҳалли ҳамаи проблемаҳои ҳаёти сокинони шаҳр вазифаи бевоситаи роҳбарияти он мебошад. Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи сари вақт ҳал накардани мушкилоти зиндагии сокинони шаҳр миқдори мактубу муроҷиат ва шикояти онҳо ба идораҳои болоӣ торафт бештар мегардад. Дар маҷлис хабар дода шуд, ки соли 2009 ба мақомоти иҷроияи шаҳри Чкаловск аз номи сокинони маҳаллӣ 680 ариза ворид гардидааст. Аз ин ҷумла, ҳамагӣ 46 ариза таҳти назорат қарор дорад. 82 ариза сари вақт муҳокима карда нашудааст. Соли 2009 аз номи сокинони Чкаловск ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 47 аризаю шикоят ворид гардидааст. Аз ин ҷумла, 19 ариза барои тафтишу муҳокима ба роҳбарияти Чкаловск фиристода, 7 ариза таҳти назорат гирифта шуд. Раиси вилоят ба раиси шаҳри Чкаловск Шавкат Бобоев супориш дод, ки минбаъд муносибатро ба аризаю шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон беҳтар намояд. Инчунин ба роҳбарияти шаҳр супориш дода шуд, ки аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани нақшаи буҷети маҳаллӣ хобгоҳҳои нимсохта ва холӣ тармим карда, ба сокинони мӯҳтоҷ дода шаванд. Ба қавли раиси вилоят барои беҳтар сохтани таъминоти об ояндаи наздик аз ҳисоби қарзҳои яке аз бонкҳои Аврупо 3 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Қайд карда шуд, ки сари вақт ҷамъ овардани маблағи қувваи барқ ва гази истифодашуда вазифаи бевоситаи роҳбарияти шаҳр мебошад. Инчунин дар маҷлис масъалаҳои рафти фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун», муташаккилона гузаронидани интихоботи оянда ва таҷлили 20 — солагии истиқлолияти мамлакат муҳокима карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






