МУЛОҚОТИ РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ САҲА БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Роҳбари гурӯҳи намояндагони Дафтари сохторҳои демократии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Артис Пабрикс имрӯз баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ сӯҳбати мухтасар анҷом дод. Вай зикр намуд, ки зимни мулоқот бо Президент масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин зимни сӯҳбат ба вазъияти сиёсии мамлакат ва рушди демократия таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. А.Пабрикс зикр намуд, ки дар маърӯзаи охирини гурӯҳи нозирони САҲА дар Тоҷикистон ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ танқид ва зарурати гузаронидани интихоботи шаффофу демократӣ таъкид карда шуда буд. Қайд карда шуд, ки дар ягон давлати ҷаҳон демократияи мукаммал ва самарабахш вуҷуд надорад. Вале мо бояд кӯшиш кунем, ки зимни гузаронидани чунин маъракаҳои муҳим принсипҳои демократия то ҳадди имкон бештар риоя карда шаванд. Гурӯҳи намояндагони САҲА хулосаҳои худро дар бораи интихоботи вакилони парлумони Тоҷикистон баъди анҷоми он пешниҳод хоҳад кард, гуфт дар хотима Артис Пабрикс.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






