МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛОРУС
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат, вазири соҳа Гул Шералӣ гурӯҳи намояндагони соҳибкорони Белоруссияро бо сардории ҷонишини вазири саноати он Геннадий Свидерски ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ ҳамкориҳои ҳарду ҷониб дар соҳаи энергетика ва саноат мавриди гуфтугӯ қарор ёфт. Дар ин дидор ҳамчунин масъалаи воридоти техникаи дар конҳо ва хоҷагии кишоварзӣ истифодашаванда ва ташкили як корхонаи муштараки васлкунии мошинҳои истеҳсоли Белоруссия дар Тоҷикистон муҳокима гардид. Дар навбати худ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Белоруссия фиристонидани маҳсулоти саноатӣ ва кишоврзӣ аз масъалаҳои умдатарине буд, ки соҳибкорони Белоруссия онро тақозо намуданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум миёни ҳарду ҷониб арзёбӣ шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






