МУРОҶИАТНОМА БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 9, 2010 09:17

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). -Тавре аз маркази иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номаи Сарвазири Ҷумҳурии  Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  бо мақсади боздоштани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  ирсол шудааст ва номаи ҷавобии  Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба ин мактуби эътирозӣ имрӯзҳо дар маркази таваҷҷӯҳи  сокинони сарбаланд ва боифтихори вилояти Суғд қарор дорад. Чунончӣ, дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Мастчоҳ муроҷиатнома қабул гардида, дар он зикр шудааст, ки ин мактуби беасос мардуми баору номус ва шарафманди ноҳияро дар атрофи ғояи бунёди иншооти тақдирсоз ва бузурги аср — Нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз пештара дида бештар муттаҳид сохтааст.  «Мо мардуми сарбаланду баору номуси Мастчоҳзамин ҳамчун шаҳрвандони дигари Тоҷикистони соҳибистиқлол Муроҷиати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ сармашқи фаъолияти худ карда, ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ  муроҷиат карда мегӯем, ки Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти босуботи саноат ва кишоварзӣ, муҳимтар аз ҳама рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон аст. Мо саҳмияҳои НБО Роғунро беш аз пеш харидорӣ намуда, дар бунёди ин иншооти миллӣ ҳиссаи арзанда мегузорем ва аз иродаи худ пас намегардем», — омадааст дар муроҷиатномаи маҷлиси фаъолони ноҳияи Мастчоҳ ба мардуми шарифи Тоҷикистон.   Ин мавзӯъ дар маҷлиси васеи фаъолони ноҳияи Спитамен низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар муроҷиатнома иштирокдорони он ба халқи шариф ва бонангу ори ноҳия ва тамоми ватандӯстону хирадандешагони кишвар чунин зикр мешавад: «Мо аҳли ҷамъомади васеи фаъолони ноҳияи Спитамен дар ин рӯзҳои барои кишвари соҳибистиқлоламон  масъулиятталаб ва муҳим, аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон оид ба муҳимият ва дар ҳаёти мамлакат нақши тақдирсоз бозидани бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки баҳри таъмини истиқлолияти энергетикӣ равона гардидааст пуштибонӣ карда, ба Шумо муроҷиат менамоем. Сокинони ноҳияи наздисарҳадии Спитамен, чун тамоми  фарзандони асили Тоҷикистон якдилона бунёди НБО -и Роғунро барои кишвар иншооти ҳаётан муҳим арзёбӣ мекунанд, зеро мавриди истифода қарор гирифтани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тамоми мушкилоти моро ҳал хоҳад кард. Бояд донист, ки бунёди ин нерӯгоҳ барои халқҳои кишварҳои ҳамсоя ягон хатар ва таҳдид дар танқисии обро ба вуҷуд намеорад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик бо тамоми мардуми ҳамсоядавлатҳо аз гузаштаи дур то ба ин рӯз дар тафоҳуму дӯстӣ ва ҳамкориву ҳамсоягии нек зиндагӣ кардааст ва минбаъд низ умеди ба ин тарз идома ёфтани муносибатҳои ҳамсоягиро дорад.» Фаъолони ноҳияи Спитамен бо боварии комил изҳор доштаанд, ки Муроҷитномаи Президенти мамлакатро дар бораи саҳмгузорӣ дар хариди саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо нишон додани нангу номуси ватандорӣ, ба  хотири ояндаи ояндаи нурпошу дурахшони кишварамон дастгирӣ менамоянд ва дар ин кори умумихалқӣ ҳиссаи боз ҳам бештар мегиранд.  «Ҳоло фурсати муносиб расидааст, ки халқи ноҳияи шӯҳратёри Спитамен барои исботи номи неки худ дар саҳифаи таърихи Ватан тамоми ҳиммату қудрати худро равона намояд!», — гуфта мешавад дар муроҷиатноми сокинони ноҳия. Мавриди зикр аст, ки дирӯз ҷавонону ва донишҷӯёни макотиби олии вилоят низ ба намоишҳои оммавӣ баромада аз бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳори дастгирӣ ва пуштибонӣ карданд.      

Февраль 9, 2010 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид