МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ИМА ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Барномаи «Равобити ҷамоатҳо», ки фаъолияти онро Агентии рушди байналмилалии ИМА бо маблағ таъмин менамояд ва Шӯрои маърифати байналмилалии Амрико барои интихоби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо мақсади даъвати онҳо ба таҷрибаомӯзӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озмун эълон мекунанд. Дар озмун мутахассисоне иштирок карда метавонанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор карда, дониши васеъ ва имконияти роҳбарӣ дошта, дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кунанд. Барои онҳо донистани забони англисӣ шарт нест. Давраи таҷрибаомӯзии мутахассисон дар ИМА 3 ҳафта мебошад. Мутахассисон дар ИМА бо таҷрибаи паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ, дуруст ба нақша гирифтани корҳо дар соҳа, истифодаи таҷрибаи ҳамкасбонашон барои зиёд кардани ҳосил, муҳофизати зироат аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон, роҳҳои самарабахши ба фурӯш баровардани маҳсулот, нақши корхонаҳои давлатӣ дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд. Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 5 марти соли 2010 дар суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Толстой, 86, шӯроҳои амрикоӣ ва дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин, 183 (а), Маркази машваратии маориф қабул карда мешаванд. Маълумоти иловагиро дар ин бобат аз Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба даст овардан мумкин аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






