МУВВАФАҚИЯТҲОИ ФАРҲАНГ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Февраль 2, 2010 11:16

 Файзобод, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Тавре ки мудири шӯьбаи фарҳанги  ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли сипаригардида барои кормандони соҳаи фарҳанг соли хотирмон буд.  Дар ин сол ансамбли фалаксароён дар сеюмин фестивал — симпозиюми байналмилалии фалаксароён соҳиби диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ гардид. Китобдори беҳтарин аз китобхонаи Меҳробод Мукаррама Мирзоева дар озмуни китобхонаҳои оммавӣ сазовори номи  «Китобдори беҳтарин» дониста шуд, мактаби мусиқии ба номи Дустмуроди  Алӣ ба мактаби саньат табдил дода шуда, 5 солагии таъсисёбии ансамбли мақомсароён ҷашн гирифта шуд. Бо ғамхориву дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия барои таъмири муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили мактаби санъат, китобхонаи бобои Валӣ, китобхонаи Сари Чинори деҳоти Ҷавонон хонаи фарҳанги деҳоти Мискинобод, хонаи фарҳанги Файзобод, ки солҳои зиёд бетаъмир буданд, имсол ба маблағи умумии 287 ҳазор сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Курсиҳои театри Қасри фарҳанг ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ адабиётҳои тозанашр харидорӣ карда шуд. Инчунин соҳиби асбобҳои нави мусиқӣ ва воситаҳои тақвияти овоз гардидем,  гуфт дар анҷом мудири шӯъбаи фарҳанги  ноҳияи мазкур Ҳабибулло Мирзошарифов. 

Февраль 2, 2010 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид