МУВВАФАҚИЯТҲОИ ФАРҲАНГ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Файзобод, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Тавре ки мудири шӯьбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли сипаригардида барои кормандони соҳаи фарҳанг соли хотирмон буд. Дар ин сол ансамбли фалаксароён дар сеюмин фестивал — симпозиюми байналмилалии фалаксароён соҳиби диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ гардид. Китобдори беҳтарин аз китобхонаи Меҳробод Мукаррама Мирзоева дар озмуни китобхонаҳои оммавӣ сазовори номи «Китобдори беҳтарин» дониста шуд, мактаби мусиқии ба номи Дустмуроди Алӣ ба мактаби саньат табдил дода шуда, 5 солагии таъсисёбии ансамбли мақомсароён ҷашн гирифта шуд. Бо ғамхориву дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия барои таъмири муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили мактаби санъат, китобхонаи бобои Валӣ, китобхонаи Сари Чинори деҳоти Ҷавонон хонаи фарҳанги деҳоти Мискинобод, хонаи фарҳанги Файзобод, ки солҳои зиёд бетаъмир буданд, имсол ба маблағи умумии 287 ҳазор сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Курсиҳои театри Қасри фарҳанг ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ адабиётҳои тозанашр харидорӣ карда шуд. Инчунин соҳиби асбобҳои нави мусиқӣ ва воситаҳои тақвияти овоз гардидем, гуфт дар анҷом мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи мазкур Ҳабибулло Мирзошарифов.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






