НАҚШИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ДАР ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор мизи муддавар дар мавзӯи «Ҳамкориҳои иҷтимоии созмонҳои ғайридавлатӣ дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Варзоб ширкат доштанд. Дар назди ҳозирон раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов, раиси Академияи иртиботии омма Баҳодур Қосимов дар бораи самтҳои асосии фаъолияти СҒД ва нақши онҳо дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Боиси қайд аст, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор дар ҷараёни мизи муддавар ширкати фаъолона доштанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






